Ҳалокати ронандаи 32-солаи “Тико” дар Турсунзода
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як сокини 32-солаи шаҳри Турсунзода хабар додааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, 23 феврали соли равон ин сокини Турсунзода ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба ҷониби деҳаи Шаҳрисабз суръати ҳаракати сабукрави “Тико”-и таҳти идораашбударо баланд намуда, онро чаппа кардааст: “Дар натиҷа, ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.