Мансаби Шоҳрух Саидов, писари А.Ғоиб дар ВКД
Шоҳрух Саидов, президенти 29-солаи бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе ва писари Абдуфаттоҳи Ғоиб -- раиси Хадамоти гумрук, дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мансаб гирифтааст.
Манобеи "Озодагон" аз Вазорати умури дохилӣ имрӯз, 25 феврал тасдиқ карданд, ки Шоҳрух Саидов як ҳафта қабл муовини сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъин шудааст. Ба иттилои манбаъ, оқои Саидов дар гузашта дар мақомоти умури дохилӣ кор накардааст. Мусоҳиби "Озодагон" илова намуд, ки ноиби навтаъини сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ рутбаи майори милисаро дорад.
Шоҳрух Саидов аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, сардори Оҷонсии зидди фасод муаррифӣ мешавад. Худи ӯ дар гузашта тасдиқ карда буд, ки бо Рустами Эмомалӣ дӯст буда, ҳатто дар як мактаб таҳсил кардаанд. Ӯ таъкид намуда буд, дӯстӣ бо Рустами Эмомалӣ масъулияти калон аст. Шоҳрух Саидов ва Рустами Эмомалӣ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон низ ҳамкор буда, дувумӣ президент ва аввалӣ узви Кумитаи иҷроия ФФТ-анд. Ҷаноби Саидов фориғутаҳсили факултаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар акс: Шоҳрух Саидов ва Рустами Эмомалӣ