(ВИДЕО) Муҳоҷирони тоҷик: Пулисҳои рус моро латту кӯб карданд
Чанде аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, аз сӯи маъмурони пулиси Русия мавриди латту кӯб қарор гирифтаанд.
Дар навори видеоие ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз мавриди таҳдид ва латту кӯб шуданашон дар Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи метрои Пражскаяи Маскав хабар медиҳанд. Яке аз онҳо худро Бекмурод Давлатов муаррифӣ карда, мегӯяд, рӯзи 20 феврал вақте ӯ ва се муҳоҷири дигари тоҷик назди метрои “Пражская” қарор доштанд, маъмурони пулис ҳуҷҷатҳояшонро гирифта, ба шӯъбаи пулис бурданд: “Онҷо телефонҳои моро гирифта, гуфтанд, шумо ба омода кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ машғулед. Аммо мо рад кардем, дар ҷавоб моро латту кӯб карданд”.
Ӯ мегӯяд, ба кормандони пулис фаҳмонд, ки шаҳрвандии Русияро ҳам дорад, аммо ин фоида накард. Ба қавли Давлатов, яке аз ин пулисҳо, ки ӯро Серёжа ном мебурданд, гуфтааст, “агар 30 ҳазор рубли русӣ надиҳем, латту кӯбро давом медиҳанд”.
Як муҳоҷири дигар дар ин навор мегӯяд, онҳо дар Русия асосан ба корҳои сохтмон, таъмири хонаҳо машғуланд ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимро доранд: “Моро дар таҳияи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ муттаҳам карда, давоми 7 соат шиканҷа карданд. Ҳамаи расму рақамҳое, ки дар телефонҳоямон буд, пок карданд”.
Ин муҳоҷирони тоҷик дар ҳузури Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” мегӯянд, кормандони пулис аз тарси дурбинҳои мушоҳидавӣ дар варақ навиштанд, ки раҳоияшон бар ивази 30 ҳазор рубл сурат мегирад. “Ручкаро миёни ангуштонамон гузошта чунон ангуштонамонро тоб дод, ки хеле дарднок буд”,-изҳор медоранд муҳоҷирон.
Ин муҳоҷирон мегӯянд, кормандони пулис таҳдид кардаанд, ки агар маблағ надиҳанд, ба ҷайбашон маводи мухаддир гузошта, онҳоро ба дасти масъулини мубориза алайҳи маводи нашъадор месупоранд. Ба гуфтаи онҳо, маъмури пулис ба пешониашон таппонча гузошта, таҳдид ба паррондан кардааст: “Баъди латту кӯб ва таҳдиди зиёд дигар тоб оварда натавонистем ва дар дохили китоб ба онҳо 20 ҳазор рубли русӣ дода, раҳо шудем”.