Вазорати нақлиёт бо пули Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ тарозу насб мекунад
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, дар минтақаҳои марзии кишвар тарозуҳои махсуси муайякунандаи вазни нақлиётро насб мекунад.
Қурбон Саидов, сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии ин ниҳод, имрӯз, 25 феврал ба “Озодагон” ҳадафи насби чунин тарозуҳоро “ҷилавгирӣ аз ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои кишвар ва таъмини сифати роҳҳо” арзёбӣ кард.
Ӯ гуфт, бар асоси нақша нахуст дар минтақаҳои марзии Панҷ, Мурғоб-Қулма ва Суғд чунин тарозуҳо гузошта мешаванд: “Гуруҳи корӣ ташкил шудааст ва ҳоло сари ин масъала кор карда истодаем. Насби тарозуҳо дар маконҳое пешбинӣ шудааст, ронандаҳо суръати ҳаракати мошинҳоро зиёд мекунанд”.
Қурбон Саидов мегӯяд, тарозуҳо бо сармояи хориҷӣ - Бонки умумиҷаҳонӣ харидорӣ шуда, нигоҳдории онҳоро Вазорати нақлиёт бар уҳда мегирад. Ба қавли ҷаноби Саидов, тибқи меъёрҳои муайяншуда ҳаракати мошинҳое, ки борашон аз 40 тонна зиёд аст, манъ мебошад: “Ҳамчунин мошинҳое, ки аз 20 метр дароз буда, баландиашон аз 4 метр ва паҳноиашон аз 2,55 метр бештаранд, мумкин нест”.
Ин масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати вайрон намудани чунин меъёрҳо, ронандаҳо ҷарима хоҳанд шуд: “Ҳаҷми ҷарима аз 50 то 400 нишондод барои ҳисобҳо муайян шудааст”.