Боздошти ронандаи “зӯр”, ки пули IRS-ро надода, силоҳи милисаро ситондаст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар дод, ки дар нуқтаи пулҷамъкунии ширкати IRS дар ноҳияи Шаҳристон аз додани маблағ саркашӣ ва ба масъулини ширкат носазо гуфтааст. Ба иттилои манбаъ, ин ронанда ҳамчунин силоҳи сержанти милисаро, ки ба кумаки кормандони IRS омадааст, бо зӯрӣ гирифта, фирор намудааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳодиса шаби 15 феврал, тақрибан соати 22:40, дар постгоҳи рақами 4-и IRS, воқеъ дар километри 178-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рух додаст: “Ронандаи автомашинаи “Опел”, ки аз самти ноҳияи Айнӣ ба Шаҳристон ҳаракат мекард, аз пардохти маблағи саркашӣ карда, сӯи ходимони амниятии посгоҳ, ки аз пешаш омадаанд, ҳаракат кардааст. Сержант Ҷавҳар Носиров, ки дар хизмат қарор доштаст, бо мушоҳидаи ҳолати мазкур барои ҳалли қазия ҳозир шудаст. Аммо ронанда ба талаботи сержанти хадамоти давлатии муҳофизат итоат накарда, бо зӯроварӣ яроқи сержант - автомати Калашниковро гирифта, фирор намудаст”.
Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки дар пайи таъқиб ронанда аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, ба пастхамие сарозер шудааст: “Баъди боздошт муайян шуд, ки нақлиёт таҳти идораи Аҳмадалиев Ренат Ғолибовичи 32-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен қарор доштааст, ки ӯ ки қаблан барои муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор дар Русия суд шудааст”.
Ба иттилои манбаъ, феълан алайҳи ин ронанда, ки худ низ гирифтори бемории нашъамандӣ аст, барои зӯроварӣ ва муқовимат нисбати намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.