Тарбияи шогирдон дар рӯҳияи худшиносӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ҳамеша таъқид аз он мекунад, ки мо устодон ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия намоем ва дар қалби онҳо ҳисси ватандӯстиву миллатдӯстиро ҷорӣ кунем. Чунин пешниҳодот сабабҳои мусбии худро доранд. Зеро рушди ҳар як давлат ва дурнамои сиёсати он ҳамеша аз ҷавонон вобаста буда, маҳз ҷавонони худшинос ва огоҳ аз таъриху тамаддун ва дину оини худ метавонанд, чун шахсиятҳои ватандӯст тарбия ёфта, дар ниҳоят ба ҳомиёни ҳақиқии халқу Ватан табдил ёбанд.
Бузургони гузаштаи мо низ ҳамеша ишора ба он мекарданд, ки бе омӯзиши гузаштаи худ, таъриху тамаддуни худ, аслу насаб ва бе доштани дониши қавию маърифати воқеӣ худшиносии миллӣ ташаккул намеёбад. Агар ба таърихи дурударози халқи тоҷик нигарем шоирони бузургу ватандӯст, шахсиятҳои барҷастаи худогоҳ ва файласуфону табибони бузургеро ба воя расонидаем, ки як заминаи хеле хубу қавиеро барои худшиносии минбаъдаи мо гузоштаанд ва омӯзиши тарҷумаи ҳол ва шоҳасарҳои онҳо худ як мактаби бузурги худшиносист.
Шахсе, ки худшинос нест ва аз гузаштаи худ хабаре надорад, ӯ дар оянда низ наметавонад дар рушду нумӯи ватан ва миллати худ саҳмгузор бошад. Чунин ашхос баръакс ҳамеша раҳгум мезананд ва дар ҳамагуна баҳсҳои хушиносиву миллатдӯстӣ сархаму мулзам берун меояд. Баъдан чунин шахсон на барои ватан ва на барои миллати худ хизмати арзандае карда наметавонанд. Шахсе, ки дур аз худшиносии миллӣ аст, агар ба мақомҳои баланд роҳ ёбад ҳам, наметавонад барои давлату миллати худ кори мусбате анҷом диҳад. Барои он ки ҷавонони мо худшиносу худогоҳ бошанд ва дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия ёбанд, бояд ҳанӯз аз зинаҳои аввали таълим дар муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ таърихи ватани худ, аслу насаб ва гузаштаи дуру наздик ба онҳо ҳаматарафа омӯхта шавад. Зеро бе дониши қавиву маърифати воқеӣ худшиносии миллӣ ташаккул намеёбад.
Омӯзиши худшиносӣ пеш аз ҳама ба соҳибистиқлолӣ ва сиёсати пешгирифтаи ҳар як давлат хеле алоқамандии зич дорад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама воситаҳо барои худшиносии миллӣ фаро гирифта нашуда буданд, вале бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ин замина барои насли имрӯзаи мо ҳаматарафа фароҳам оварда шуд. Солҳои салтанати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҷавонони мо аз омӯзиши мероси таърихии халқи худ пурра бархурдор набуданд. Дар мактабҳои миёна ва ҳатто дар донишгоҳҳову донишкадаҳо ба толибилмон ба ҷои таърихи халқи тоҷик бештар таърихи халқҳои дигар, аз ҷумла Федератсияи Русия омӯзонида мешуданд. Адабиёти саропо аз худшиносӣ бойи мо баръакс кам таълим дода мешуд. Ашъоре, ки аз таъриху тамаддун ва қаҳрамониҳои миллати мо ҳикоят мекарданд, таълим дода намешуданд. Натиҷаи ҳамин муносибат буд, ки насли наврас чун насле ба тарбия мерасиданд, ки аз таърих ва тамаддуни худ огоҳ набуданд ва ин албатта дар худшиносии миллӣ рахнаҳо эҷод мекард.
Вале бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳё шудани давлати тоҷикон имконият пайдо шуд, ки ҷавонони мо аз зинаҳои нахустини таълим дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия карда шаванд. Ба онҳо таърихи миллат, сиёсати имрӯз ва фардои давлати соҳибистиқлол омӯхта шавад. Мактаби имрӯзи мо ҷавононро бо таърихи басо дуру дарози худ, ки чун миллати куҳанбунёду соҳибтамаддун эътироф шуда, тӯли асрҳои зиёд дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф буд, ошно намуда, барои эҳёи худшиносии миллии онҳо заминаи хуб фароҳам овард.
Агар ба шоҳасарҳои бузургони гузаштаи мо нигарем,ҳар яке аз онҳо дар рӯҳияи худшиносӣ ва миллатдӯстиву ватандӯстӣ навишта шудаанд, ки омӯзиши онҳо ба ҷавонони мо аз аҳамият холӣ нест.
Бузургтарин шоҳасаре, ки дар таърихи тамаддуни башарият офарида шуда, ба хонадагони мо дарси хештаншиносиву ватандӯстӣ меомӯзад ин «Шоҳномаи»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ аст. Ин шоҳасар дар воқеъ ҳама заминаҳои таърихӣ ватандориву ватандӯстии гузаштагони соҳибтамаддуни моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Ғояҳои ин шоҳсар ҷавонони моро водор менамоянд, ки бо омӯзиши он аз решаи хеш дур намонанд, ва ба вартаи гумномӣ қадам нагузоранд. Ғояҳои ин шоҳсар, ки саршор аз ватандӯстӣ ва худшиносӣ буда, муборизаҳои гузаштагони моро барои ҳифзи ватан ва миллати бузург дар худ инъикос намудааст. Омӯзиши ин шоҳасар дар макотиби миёнаву олӣ ҷавонони моро водор менамоянд,ки асолати таърихии худро бишносанд, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёбанд ва аз ҳама муҳим далеру чолок ва миллатдӯст тарбия ёбанд.
Ба андешаи ман агар дар мактабҳои миёнаву олӣ барои баланд бардоштани худшиносии миллии хонандагон дар баробари омӯзиши даҳҳо китобҳои пурарзиш аз ҷумла китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» -и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ таълим дода шавад, аҳамияти калон дорад. Зеро китоби мазкур таҳқиқи бевоситаи мушкилоти таърихи халқи тоҷикро дар бар гирифта, дар ҷомеа устувор кардани таҳаммул ва гуфтугӯи фарҳангҳои дунявӣ ва диниро низ фаро гирифтааст. «Тоҷикон дар оинаи таърих» метавонад дар ташаккули худшиносиимиллии ҷавонон саҳми арзанда гузошта, онҳоро бо таърих, маданият, шаҳрдорӣ ва илму маърифати гузаштагони мо шинос намояд. Зеро худшиносии милӣ на танҳо барои худи шахс, балки барои ба истиқлоли комил расидан ва ба миллати бузург табдил ёфтан ёрӣ диҳад.
Президенти мо Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳатто дар вохӯриҳояш бо ҷавони кишвар ҳамеша дар ин бора ишора намуда изҳор медорад, ки - «То даме, ки худшиносии миллӣ, пос доштани хотиpаҳои таъpихӣ, ифтихоp аз мансубияти миллӣ, даp шyypи ҳаp яки мову шумо падид наояд, то даме, ки ҳаp кадоми мо манфиати миллиpо ҳамчун қаpзи муқаддаси шаҳpвандӣ эҳсос накунем ва эҳтиpом нагyзоpем, то даме, ки хидмат ба Ватан ва миллат баpоямон ба аpзиши олии зиндагӣ табдил наёбад, мо ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ ба камол намеpасем».
Насли ҷавони худогоҳу худшиноси мо бояд аз ин шукргузорӣ намуда, бо донишу малакаи худ,худшиносӣ ва худогоҳии ҳаммаслакону ҳамсолони худро низ ғаниву рангин созанд. Албатта, барои ин пеш аз ҳама мо устодон бояд бештар заҳмат ба харҷ диҳем, ки худшиносии ҷавонони мо дар оянда равнақ ёфта, дар ташаккули давлатдорӣ ва дурнамои он хизмат кунанд. Мо бояд бо шогирдон ҳатто берун аз дарсҳо вохӯриҳо ташкил намуда, ба онҳо ҳисси худшиносиву худогоҳии миллиро тарѓиб намоем. Онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон огоҳ намоем. Онҳоро ба ҳифзи хотиpаҳои таъpихӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ равона намуда, бо симои ҳақиқии миллат, суннатҳои неки ниёгон ва давлатдоpии дирӯзу имрӯз ва pасмy оинҳои ачдодӣ шинос намоем. Онҳоро водор намоем, ки дар баробари миллатдӯстӣ ва ватандӯстӣ забони модарии худро низ чун модар эҳтиром намуда, поку беолоиш нигоҳ доранд ва дар баробари ин забонҳои русӣ ва англисиро низ аз худ кунанд. Зеро маҳз толибилмон ояндаи миллатанд ва нерӯи худшиносии миллии онҳо бояд дар ҷомеаи мо мавриди истифодаи ҳаматарафа қарор гирад.
Элбоева Хайриниссо.
Муаллимаи муассисаи таҳсилоти миёнаи №52,
ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе