Сафаралӣ Наҷмиддинов афзуд, Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи 4 созишнома дар ҳаҷми 49 млн доллар, Бонки рушди Осиё дар доираи 6 созишнома 136 млн доллар, Бонки исломии рушд дар доираи 7 созишнома 167 млн доллар қарзи давлатӣ гирифтааст. Гуфта мешавад, ҳамчунин Бунёди Саудии рушд, бунёди Қувайт, Бунёди Абу Дабӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки содироту воридоти Хитой ва дигар давлатҳо аз ҷумла қарздиҳандаҳои аслии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Аксари маблағҳои мазкур барои ислоҳот дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, хоҷагию манзилӣ комуналӣ ва маорифу тандурустӣ равона мешавад.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар чорчуби ин пружа Тоҷикистон дар соли 2011- 167 млн доллар, соли 2012 – 197 млн доллар, 2013 – 150 млн доллар ва дар соли 2014 110 млн доллар қарзи давлатӣ хоҳад гирифт.{jathumbnail off}