Ҳабси ронандаи тоҷик барои додани 1000 рубл ба нозири роҳ
Мақомоти тафтишотии вилояти Калуга алайҳи шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон барои додани 1000 рубл ба нозири роҳ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия ронандаи тоҷик дар додани пора ба корманди пулис муттаҳам мешавад. Ба иттилои тафтишот шоми 20-уми феврали соли равон нозири роҳ дар шоҳроҳи “Украина” барои ҳаракат бо суръати баланд, мошини “Опел”-ро боздошт намудаст, ки таҳти идораи шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон қарор доштаст: “Ронанда суръати ҳаракатро аз меъёри муқарраршуда 20 километр зиёдтар намудаст. Барои гурез аз ҷазои маъмурӣ ронанда дар мошини хидматии корманди пулис, ба ӯ 1000 рубли русиро додаст. Лаҳзаи додани маблағ тариқи дурбинҳои назоратӣ сабт шудаст”.
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, феълан шаҳрванди Тоҷикистон бо қарори додгоҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.