13 рӯз аз 31 рӯзи моҳи март дар Тоҷикистон истироҳат хоҳад буд
Моҳи март тоҷикистониҳо 13 рӯз истироҳат хоҳанд дошт.
Бино ба иттилои Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон 8-рӯзи ин моҳ -- 5,6,12,13,19,20,26 ва 27 рӯзҳои шанбе ва якшанбеанд. Бар пояи муқаррароти қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” 8 март низ истироҳат эълон шудааст. Бар илова имсол сокинони кишвар 4 рӯз -- 21,22, 23 ва 24 ба хотири ҷашни Наврӯз истироҳат хоҳанд дошт.