Боздошти ҷавони қирғиз, ки марди тоҷикро то мурдан кӯфтаст
Мақомоти пулиси шаҳри Маскав аз боздошти ҷавони 23-солаи қирғиз хабар доданд, ки дар марги марди 41-солаи тоҷик айбдор мешавад.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ ҷасади шаҳрванди 41-солаи Тоҷикистон 20-уми феврал дар назди яке аз варзишгоҳҳои мактаби миёна дар Маскав дарёфт гардид: “Баъди ду рӯзи тафтишот барои даст доштан дар ин ҷиноят шаҳрванди 23-солаи Қирғизистон дастгир гардид”.
Ба иттилои манбаъ муайян шудааст, ки ҷавони қирғиз зимни муноқиша марди тоҷикро то мурдан латтукӯб карда, аз ҷои ҳодиса гурехтаст. Дар бораи сабаби муноқиша миёни ин ду нафар иттилоъ дода нашудааст.