Ғолибони сабқатҳои наврӯзӣ дар Душанбе сабукрав ва аспи зоти тоҷикӣ мегиранд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе гуфтааст, ба ғолиби мусобиқаи гуштӣ мошини сабукрав ва ба ғолиби пойгаи аспдавонӣ аспи зоти тоҷикӣ тақдим хоҳанд кард.
Дафтари матбуоти Убайдуллоев мегӯяд, дар ин бора дар ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ таъкид шуд. Ба иттилои манбаъ, сабқати гуштӣ 22 март ва пойгаи аспдавонӣ 23 март дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи пойтахт” баргузор мешавад.
Бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” бо фарогирии майдони Шаршара ва дар муҳити дарахтони нодири наврӯзпаёму фаввораҳои муҳташами Боғи нави Наврӯзгоҳ бо ҷалби зарфиятҳои тамоми шаҳраку маҳаллаҳо бо таҷассуми расму оинҳои наврӯзии кулли таркиби иҷтимоии шаҳр ва барномаи рангини театрикунонидашуда 21 марти соли 2016 амалӣ мешаванд. 22 март бар иловаи сабқати гуштӣ дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатӣ сайругашти оммавии наврӯзӣ дар назар аст: “23 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии “Дӯстии халқҳо”, Боғи Устод Рӯдакӣ, кӯли Ҷавонон ва майдони “ 800-солагии Москва” чорабиниҳои наврӯзии сатҳи ноҳияҳо доир гардида, 24 март чун анъана дар марзи шаҳр маъракаи сабзкорӣ ва ниҳолшинонии оммавӣ баргузор карда мешавад”.