Шаби гузаштаи 2-юми ноябр, қароргоҳи маҷаллаи «Charlie Hebdo»-ро дар Фаронса ба оташ кашидаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ ин амали ифротгароёна ба он хотир сурат гирифтааст, ки нашрия тасмим дошт, шумораи наздиктаринашро ба ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад пайғамбар (с) бахшад. Ин амал баъди нашри як анонс ба ин мавзӯъ дар пойгоҳи интернетии маҷалла ба вуқӯъ пайвастааст. Дар паҳлӯи анонси мазкур сурати издиҳоми мардум дар назди масҷид, акси китоби муқаддаси «Қуръон» ва матн бо забони англисӣ ба табъ расида буд, ки муаллифи он дар муроҷиат ба хонандагон навишта буд: «Офарандаи замину замон Оллоҳ аст».
Ҳамчунин, тайид мешуд, ки сармоягузори сойти мазкур аз ин ба баъд давлати Арабистони Саудӣ хоҳад буд. Зимнан, муаллифони тарҳ навишта буданд, ки дар шумораи навбатии маҷалла оид ба пирӯзии инқилобҳои мардумӣ: «Баҳори араб» дар Либия ва Тунис нақл хоҳанд кард.
Маврид ба тазаккур аст, ки қаблан ҳам маҷаллаи «Charlie Hebdo» мавзӯҳои марбут ба Исломро барои ҷалби бештари муштариёну ҳаводоронаш аз сар гирифта буд.{jathumbnail off}