АКС: Порае аз “Симоҳои Тоҷикистон”, ки дар Аврупо намоиш дода мешаванд
Ниссор Абдураззоқов, суратгири тоҷики муқими Шветсия ният дорад, тирамоҳи соли равон дар шаҳри Гётеборги Аврупо зери унвони “Симоҳои Тоҷикистон” намоишгоҳи аксҳояшро баргузор намояд.
Абдураззоқов дар ин бора дар суҳбат бо рӯзноманигор Нигора Бухоризода хабар дода, афзудааст, дар аксбардорӣ бештар ба симо ва чашмон тамаркуз мекунад.
Ниссор Абдураззоқов, соли 1974 дар хонаводаи Шарофат Рашидова, роҳбари театр-студияи “Падида” ва Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди театр ва кино таваллуд шудааст. Ниссор бародари Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик мебошад.
Ӯ мегӯяд, талош дорад, ки симои тоҷиконро дар ҷаҳон шинохтатар кунад ва дар пайи сафарҳояш ба навоҳии Тоҷикистон, таъкид намудааст, ки бисёри сокинони Помир ва водии Зарафшон монанди аврупоиҳо мӯйи зарду чашми кабуд доранд. Қисме аз аксҳои бардоштаи Ниссор Абдураззоқов дар Бадахшон, Суғд ва Хатлон, ки дар назар аст, соли равон дар Аврупо ба намоиш гузошта мешаванд, ин ҷо гирд оварда шудаанд: