Э.Раҳмон бо писараш дар боғи Пешвои Миллат ниҳоли себ шинонданд (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми феврал дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон дар ҳашари умумӣ барои бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дар майдони 160 гектар иштирок кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷмуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маҳсули дастранҷи аҳли заҳмат шинос шуд: “Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуд”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати кишвар мо метавонем ба татбиқи яке аз самтҳои стратегии ҷумҳурӣ таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, роҳбарони Хатлон ба Президент иттилоъ доданд, ки дар 5 соли оянда бунёди 5720 гектар боғу токзор ба нақша гирифта шудааст.
Манбаъ афзуд, пас аз тамошои намоишгоҳ ва боғи намунавии интенсивии ба номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, ки дар майдони 160 гектар бунёд шудааст, Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ ниҳоли дарахти себ шинонданд: “Барои саҳм гузоштан дар ин маъракаи муҳим, ки ташаббускори асосиаш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, сокинони ноҳияи Хуросон ва аъзои Хоҷагии фермерии Асадулло ҷамъ омаданд. Дар Хоҷагии фермерии Асадулло давоми шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Дар боғи интенсивии себ 30 намуди ниҳоли дарахти себ, аз ҷумла Новелла, Даря, Эрлимак, Редфрӣ, Дейтон, Прима, Флорина, Либертӣ, Голдраш, Чемпион, Пинова, Фуджӣ, Грани Смит ва ғайра шинонида шудааст. Дар маҷмуъ боғу токзори хоҷагӣ 2017 гектарро ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ 1000 коргар фаъолият доранд. Акнуну бо бунёди боғи нав беш аз 300 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд. Таваҷҷуҳ ба боғи интенсивӣ бештар буда, дар маҷмуъ боғи интенсивии себ дар ин хоҷагӣ 114,5 гектарро ташкил медиҳад. Дар 5 соли оянда меҳнаткашони хоҷагӣ мақсад доранд боз 500 гектар боғ бунёд намоянд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, боғу токзор ва зироатҳои обталаби ин мавзеъ бо истифода аз технологияҳои муосир ба тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд: “Барои ин 2 млн. 200 ҳазор метр лўлаи махсуси обёрии қатрагӣ дастрас карда шудааст”.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ниҳолпарварону боғпарварони кишвар аз ҳар як рӯзи мусоид пурсамар истифода бурда, дар бунёди боғу токзори наву барқарорсозии боғоти кӯҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.