Созиши Кумитаи амният ва ВКД алайҳи нашъаҷаллобон: Боздоштшудаҳо милиса набуданд...
Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошти 4 нашъаҷаллобро дар ноҳияи Шӯрообод, ки дар расонаҳо кормандони Вазорати умури дохилӣ муаррифӣ шуданд, шарҳ додаст.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, масъули Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки 19 феврали соли равон барои ҷилавгирӣ аз вуруди маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон миёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳуҷҷатҳо ба имзо расидаанд.
Ба иттилои манбаъ мувофиқи нақша 19 феврали соли равон дар минтақаи Хирманҷои ноҳияи Шуробод амалиёти махсуси муштараки марзбонҳо ва ВКД гузаронида шуд: “Қочоқчиён афғон 19 феврали соли равон аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон миқдори калони маводи мухаддирро интиқол дода, ба қочоқбарони тоҷик супориданд. Баъди супоридани маводи мухаддир яке аз қочоқбарони афғон боздошт гардид”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар идомаи амалиёт тақрибан соати 22:40-и 19 феврал дар минтақаи наздисарҳадии Хирманҷои ноҳияи Шурообод автомашинаи сабукрави тамғаи Лексус барои тафтишот боздошт гардид, ки аз даруни 3 борхалтаи сафед бо маводи мухаддир дарёфт шуд: “Дар натиҷаи ин амалиёт 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Аз қочоқбарон 56,5 кило маводи мухаддири ҳашиш, афюн, бангдона ва инчунин 2 тапончаи тамғаи ПМ, 4 тирдон, 32 тири тампончаи ПМ ва 8 адад телефонҳои мобилии гуногун тамға дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Дар баробари ин генерал-майор Мустафо Рустамзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, (УБНОН) низ 22-юми феврал, бо нашри як иттилоия боздошти 4 кормандашро дар вилояти Хатлон рад намуд.
Хабари боздошти 4 корманди “УБНОН” субҳи 22 феврал дар расонаҳо нашр гардид. Боздошти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистон қаблан борҳо сурат гирифтааст.
Шерхон Салимзода, раҳбари навтаъини Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аввали соли равон аз боздошти нашъаҷаллобони “пагондор” дар кишвар хабар дод. Ба гуфтаи Салимзода тайи соли 2015 барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 10 корманди Вазорати умури дохилӣ ва мудофиа боздошт гардиданд. Ӯ бо таассуф илова намуд, баъзан масъулине, ки вазифаашон мубориза бо ҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст, худашон ба ин ҷиноятҳо шарик мешаванд.