Намоиши филм дар бораи 45 000 "сарбози бесилоҳ"-и тоҷик дар ҶБВ (АКСУ ВИДЕО)
28 феврал дар шаҳри Маскави Русия филми “Сарбозони бесилоҳ”, ки дар бораи корнамоии иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар солҳои 1941-1945 нақл мекунад, намоиш дода мешавад.
Ин филм аз рӯи кори илмии Сайёд Муҳаммедов, аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи улуми Тоҷикистон таҳия шуда, аз ҳаёти сангини 45 ҳазор тоҷике нақл мекунад, ки дар ақбигоҳ хизмат кардаанд.
Сайёд Муҳаммедов 22 феврал ба “Озодагон” гуфт, дар филм намоиш дода мешавад, ки чӣ тавр шаҳрвандони Тоҷикистон дар он замон ба сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ҷалб шуда, ба хотири поин будани синну солашон на ба ҷанг, балки барои кор ба Урал фиристода мешаванд ва бо далели номусоид будани шароит ва ғизои ноошно рӯзҳои сахтеро аз сар мегузаронанд: “Ҳамчунин аз дастовардҳои ҳамватанони мо дар замони ҷанг ва сохмони биноҳое, ки ба меҳнати тоҷикон бунёд шудаанд, қисса мегардад. Тоҷикон он замон дар ақибгоҳ дар шаҳрҳои гуногун, аз қабили Екатерингбург, Челябинск, Нижний Тагил бо меҳнати сангин барои мардуми рус манзилҳои истиқоматӣ сохтаанд”.
ПОРАЕ АЗ ФИЛМИ "САРБОЗОНИ БЕСИЛОҲ"
Ба қавли Муҳаммедов, дар филм нишон дода мешавад, ки дар қабристони иштирокчиёни дигар миллатҳо дар Русия лавҳаи хотирот насб шудааст, аммо болои қабри тоҷиконе, ки дар ақибгоҳ фавтидаанд, чунин лавҳа мавҷуд нест. Ӯ ҳадафи таҳияи “Сарбозони бесилоҳ”-ро баланд бардоштани мақоми тоҷикон дар Русия ва инъикоси ҳаёти сангини тоҷикон дар ақибгоҳ, ки паси парда мондааст, унвон кард: “Ин филм бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Русия намоиш дода мешавад ва дар таҳияи он Ширкати сохтмонии “Сапеда 112”, созмони “ТоҷИнфо” ва Академияи илмҳо, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ саҳм гузоштаанд. Вуруд ба тамошо ройгон аст”.
Нахустнамоиши филми “Сарбозони бесилоҳ” моҳи июни соли 2015 дар шаҳри Челябински Русия баргузор шуда буд.