Шарҳи ВКД дар бораи боздошти тоҷирони ришдори “Корвон”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошти ду савдогари бозори “Корвон”-ро тасдиқ карда, афзуд, ки ин тоҷиронро на барои риш, балки бо иттиҳоми узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ боздошт кардаанд.
Дар иттилоияе, ки Вазорати умури дохилӣ рӯзи 23 феврал нашр кард, дақиқ гуфта нашудааст, ки боздоштшудаҳо ба узвият дар кадом ҳизбу ҳаракат муттаҳам мешаванд. Ин ниҳод танҳо таъкид кардааст, ки “нафарони боздоштшуда аъзоёни ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ буда, мақсадашон ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки мақомоти корҳои дохилӣ танҳо нисбати афроде, ки даст ба ҷиноят зада, бо амалу кирдори худ хатар ба ҷомеа эҷод мекунанд, сару кор мегирад. Он шаҳрвандон дар бозори «Корвон» на барои риш мондан, балки бо гумони шомил гардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, дастгир шудаанд”.
Шарҳи ВКД дар ҳолест, ки 22 феврал дар интернет хабари боздошти ду савдогари бозори “Корвон” барои доштани риш нашр гардид.