Э.Раҳмон: Таъмини амният аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён вобаста мебошад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззафанд, сулҳу субот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Ӯ ин нуктаро дар паёми телевизионӣ бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон изҳор дошт.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бисту се сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ - ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Ӯ хизмати ҳарбиро нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон хонда, таъкид кард, “дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён - аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба - вобаста мебошад”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, хизматчиёни ҳарбӣ бояд намунаи олии риояи интизому тартибот дар ҷомеа ва хизмати содиқона ба халқу давлати худ бошанд: “Ман дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ махсус хотирнишон кардам, ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст”.
Акс аз бойгонӣ