Академик Масов бо беш аз ним миллион пули шахсияш мактаб месозад
Академик Раҳим Масов, собиқ директори Пажуҳишгоҳи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби ҳаққи қалами осор ва мукофотҳои дар озмунҳои байналмилалӣ ба дастовардааш дар зодгоҳаш деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷ мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ месозад.
Муборакшо Холинов, яке аз наздикони академик Масов дар суҳбат ба “Озодагон” таъйид кард, ки Раҳим Масов зимни сафари ахири худ ба зодгоҳаш, бо раиси ҳукумати ноҳия ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи мактаби деҳаи Мдехарв мактаби муосири таҳсилоти ҳамагонӣ месозад.
Ба гуфтаи манбаъ академик Масов изҳор доштааст, ки дар марҳилаи аввал барои сохтани ин мактаб ним миллион сомонӣ ихтисос медиҳад ва баъдан низ барои сохтмони пурраи мактаб сармоягузорӣ хоҳад кард.
Дар ҳукумати ноҳия Ванҷ ҳам ба “Озодагон” гуфтанд, ки бунёди мактаби муосирро худи академик Раҳим Масов тирамоҳи соли 2015,зимни сафараш ба ноҳия пешниҳод кард ва айни замон корҳои тарҳрезиву лоиҳакашии бинои мактаб идома дорад: “Бо итмоми ин корҳо сохтмони мактаб оғоз мешавад”.
Академик Раҳим Масов яке аз чеҳраҳои маъруфи илмӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон буда, аз умраи олимони варзидаи таърих ва таърихнигории кишварҳои пасошӯравӣ дар сатҳи ҷаҳон мебошад. Осори академик Масов ҳамеша дар доираҳои илмӣ ва сиёсӣ мавриди баҳсу баррасиҳои доманадор қарор гирифта, ки китоби “Таърихи табартақсим”-и эшон дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта аз ҳамин қабил мебошад. Раҳим Масов соли 1939 дар ноҳия Ванҷ зода шуда, аз соли 1988 то соли 2015 директори Пажуҳишгоҳи тарих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон буд. Академик Масов дар баробари шахсият ва ҳайсияти маъруфи илмӣ доштанаш дар Тоҷикистон бо мавқеи устувори ҷамъиятияш низ эътироф шудааст ва ҳоло мудири Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон мебошад.