Ҷанҷол дар пайи рашк бо ҷароҳати зани ҳомила анҷомид
Мақомоти пулиси вилояти Ленинград мегӯянд, дар пайи муноқишаи ду муҳоҷирзани тоҷикистонӣ, яке аз онҳо, ки дар ҳафтаи 30-юми ҳомиладорӣ будааст, бо захми корд дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, муноқиша дар ноҳияи Всеволжск, дар хобгоҳи роҳи Покровски деҳаи Новосаратовск миёни муҳоҷирзанони 26 ва 27-солаи тоҷикистонӣ рух додаст: “Ҳар ду ҳамкор будаанд ва дар ҶДММ “Приневское” кор мекардаанд. Яке дар утоқи рақами 11 ва дигарӣ дар утоқи 7 зиндагӣ мекардаанд. Муноқиша соати 10-и субҳи 21 феврал, миёни зани 26-сола, соҳиби утоқи 7 ва меҳмони 27-солааш рух додааст. Зимни муноқиша ҷавонзани 27-сола ба соҳиби утоқ ҳамла карда, бо корд ба шикамаш зарба задаст”.
Манбаъ мегӯяд, муноқиша миёни занон дар заминаи рашк рух додаст: “Феълан ҷабрдидаи ҳомиладор дар беморхона ва ҳамлагар дар боздошт қарор дорад. Таҳқиқи парванда алайҳи боздоштшуда, бо иттиҳоми сӯиқасд ба қатл идома дорад”.