Табобати писари “Эмом хубак” ва кофтукоби муттаҳами дуюм дар қатли “Зафар бедняк” (АКС)
Манобеи “Озодагон” аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Обид Мақсудов, писари “Эмом хубак”, ки бо иттиҳоми қатли Зафархон Азимов, мулаққаб ба “Зафар бедняк”, боздошт шуда буд, феълан дар беморхона бистарӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, Обид Мақсудов дар муноқишаи шоми 18 феврал дар назди Наврӯзгоҳи пойтахт ҷароҳат бардошта, ҳоло дар беморхонаи махсуси Вазорати умури дохилӣ таҳти назорати табибон қарор дорад. Манбаъ афзуд, дар баробари Обид Мақсудов дар марги Зафархон Азимов як нафари дигар низ муттаҳам мешавад, ки феълан мавриди кофтукоб қарор дорад.
Обид Мақсудовро падараш - Эмом Мақсудов, соҳибкори тоҷик як рӯзи баъд аз қатли “Зафар бедняк” ба мақомот таслим намуда буд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки Обид Мақсудов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти парванда алайҳи ӯ аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе идома дорад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон итилоъ дода буд, ки Зафархон Азимов, сокини 38-солаи кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе, 18 феврали соли равон дар назди "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе бо Обид Мақсудов, сокини 32-солаи кӯчаи Борбад муноқиша кардаанд: "Дар натиҷа Мақсудов бо корди дар дасташ буда, ба қисмати дили Азимов зарба зада, ӯро маҷруҳ мекунад. Азимов баъди интиқол ба беморхонаи Маркази миллии шаҳри Душанбе ба ҳалокат мерасад".
TojNews бо такя ба манобеи худ мегӯяд, 55 ҳазор доллари таваққуфгоҳи мошинҳо боис ба муноқиша миёни наздикони Эмом Мақсудов ва Зафар Азимов шудааст: "Ҳардуи инҳо дар як гӯшаи шаҳр таваққуфгоҳи мошинҳои умумӣ доштаанд".
Ба иттилои ВКД, Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Борбад, пеш бо моддаи 237 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон-авбошӣ дар ҳолати махсусан хавфнок, суд шудааст.
Обид Мақсудов писари Эмом Мақсудов, маъруф ба "Эмома хубак", раиси корхонаи кабелбарории Душанбе, муаррифӣ мешавад. Дар гузашта бародари Эмом -- Билол Мақсудов бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии 57 кило маводи мухаддир ҳабс шуда буд.
Зафархон Азимов, ки рӯзи 19 феврал ҷасадаш ба зодгоҳаш ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол ёфт, аз соҳибкорони муваффақи Душанбе арзёбӣ мешавад, ки ба тиҷорати мошину масолеҳи сохтмонӣ машғул будааст.
Дар аксҳо: Обид Мақсудов