БМ додани сомонӣ ба ҷои рублро ба ҷаласаи Президент рабт дод
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, додани сомонӣ ба ҷои рубл дар бонкҳои кишвар дар асоси қарори ҷаласаи кории назди Президент, ки 22 январ баргузор гардид, роҳандозӣ шудааст.
Ин ниҳод дар пайи қарори баҳсбарангезаш, аз 2 феврали соли 2016, ки бар асоси он тамоми ташкилотҳои қарзӣ ба ивази рублҳои интиқолёфта аз хориҷ ба шаҳрвандон сомонӣ пардохт мекунанд, имрӯз, 19 феврал бо нашри як иттилоия шарҳ додаст: “Ин тасмим бо мақсади иҷрои қарорҳои ҷаласаи корӣ дар назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 22 январи соли 2016 ва бо назардошти таъмин намудани мақоми пули миллӣ – сомонӣ ҳамчун воситаи ягонаи муомилоту пардохт дар қаламрави Тоҷикистон, таъмини устувории қурби пули миллӣ ва ба танзим даровардани гардиши асъори хориҷии нақд дар кишвар ба роҳ монда шудааст”.
Ба таъкиди Бонки миллӣ, аз ин ки мардум минбаъд ба ҷои рублҳои интиқолёфта аз бонкҳо сомонӣ мегиранд, ҳеч зараре нахоҳанд дид.
Бонки миллӣ дар шарҳи қарор изҳор доштааст, ки мизоҷон сомониро тибқи қурбҳои бозорӣ дастрас хоҳанд кард: “Қурб барои мубодила аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар мешавад ва қурби бозорӣ барои рубли нақди русӣ, аз қурби расмии рубли русӣ баландтар аст”.