АКСУ ВИДЕО: Гӯсфанде бо се пову як чашм дар Дарвоз
Дар деҳаи Жорфи ноҳияи Дарвози Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон баррае бо се пову як чашм таваллуд шудааст. Дар ин бора сокинони русто бо ирсоли аксу видеои ин барра ба хабаргузории "Озодагон" иттилоъ доданд.
Дар навор дида мешавад, ки ин барра аз пеш ду ва аз ақиб танҳо як пой дошта, ба муддати зиёд наметавонад рӯи пойҳояш рост биистад.
Шариф Мукаррамов, номзади илмҳои биологӣ ба “Озодагон” гуфт, чунин ҳодисаҳо нодир набуда, дар таҷрибаҳои илмӣ бисёр вомехӯранд. Ин донишманди тоҷик мегӯяд, барои муайян кардани ин ҳодиса бояд заминаҳои парвариши ин гуна ҳайвонот омӯхта шаванд: "Ҳатто инсонҳо бо чунин навоқиси ҷисмӣ таваллуд мешаванд. Дар бештари маврид осеб дидани ҷанин дар давраи аввали инкишоф ба чунин ҳолатҳо сабаб мешавад. Агар системаи дохилиузвӣ солим бошад, ҳайвон ё инсоне, ки бо чунин нуқсҳо зода шудаанд, ҳатто даҳсолаҳо умр мебинанд".