Душанбе: Тоҷикон дар таркиши Анқара осеб надидаанд (АКС)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар таркиши маргбори шоми 17 феврал дар Анқара тоҷикон осеб надидаанд. Ин ниҳод бо такя ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Туркия изҳор дошт, ки миёни ҷабрдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
Бино ба иттилои расонаҳои туркӣ, дар таркиши шадиде, ки ҷони 28 нафарро гирифта, 61 тани дигарро захмӣ кард, Солеҳ Неҷар, шаҳрванди Сурия, узви ҳизби курдии “Иттиҳоди демократӣ” ва қаноти ҳарбии он -- “Отряди худмуҳофизони мардумӣ” даст доштааст.
Бино ба навиштаи “Gazete Vatan”, ин маргталаб маводи мунфаҷираро дохили мошин гузоштааст. Шахсияти ӯро аз изи ангуштонаш муайян кардаанд. Манбаъ гуфтааст, тафтишот муайян карда, ки ҳамроҳи ин маргталаб дар дохили автомобили “Grand Cherokee” як нафари дигар низ будааст.
Дар пайи ин таркиш Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия сафари худ ба Озорбойҷонро ба таъхир гузоштааст. Аҳмад Довудоғлу, сарвазири ин кишвар ҳам аз сафар ба Брюсели шоҳигарии Белжик худдорӣ кардааст.