Сипосу дархости бонкдори асосии Тоҷикистон аз Эрон: Лағви таҳримҳо имконоти нав овард (АКС)
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар пасманзари лағви таҳримҳо алайҳи Эрон бо Ҳуҷҷатулоҳи Фағонӣ, сафири ин кишвар дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки Миллӣ Нурмаҳмадзода зимни мулоқот, ки имрӯз, 17 феврал баргузор гардид, аз Фағонӣ хост, то барои дар сатҳи нави ҳамкорӣ ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи бонкҳои ҳарду кишвар нақшгузор бошад.
Дар посух Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ изҳор доштааст, ки бонкҳо ва сармоядорони эронӣ омодаи густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон мебошанд. Сафири Эрон таъкид кардаст, ки баъди лағви таҳримҳои чандинсолаи иқтисодӣ имкониятҳои кишвараш барои вусъати ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун бештар гаштааст: “Аз ҷумла, бонкҳои эронӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, нақша доранд, бо дастгирии Бонки миллӣ дар ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ намояндагиҳо худро кушоянд ва ба ин васила дар рушди низоми бонкӣ саҳм гузоранд”.
Раиси Бонки Миллӣ ба ҷониби Эрон, бахусус бонкҳои он, ки дар ҷумҳурии мо фаъолият доранд, барои дастгирии ташкилотҳои қарзӣ дар давраи буҳронӣ изҳори сипос кардаст.
Раиси Бонки Миллӣ таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо эълони сиёсати дарҳои кушода, амнияти ташкилоту ширкатҳои истеҳсолии хориҷиро барои ташкил намудани корхонаҳои муштарак, ворид кардани сармоя, маблағгузорӣ намудани соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ шароити мусоид ва имтиёзнок муҳайё сохтааст.