Таҷаммӯъи тоҷикон дар Душанбею Олмон: Ба ҷонибдорӣ ва зидди ҳукумат
Дар пайи гирдиҳамоии гуруҳе аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 16 феврал назди бинои Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Бонни Олмон, имрӯз, 17 феврал як гуруҳ ҷавонони тоҷик назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷамъ шудаанд.
Аҳмадхуҷа Давлатов, яке аз тазоҳургарон дар Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки аз Аврупо талаб доранд, то ҷонибдорӣ аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистонро қатъ кунад. Ба гуфтаи Давлатов, наздики 50 нафар назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо ҷамъ омада, истирдоди мухолифини ҳукумат - Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷони Атовулло, Шарофидин Гадоев ва Абдумалик Абдуллоҷоновро талаб карданд. Ин гуруҳи ҷавонон иддао доранд, афроди номбаршуда ҷинояткор ва террорист буда, бояд назди қонуни Тоҷикистон ҷавоб диҳанд.
Ба гуфтаи Аҳмадхуҷа Давлатов, аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо ба ҷавонон посух додаанд, ки феълан раҳбари намояндагӣ дар Аврупост ва баъди бозгашт ба дархости ин ҷавонон посух хоҳанд дод.
Тазоҳуроти гуруҳи ҷавонони тоҷик алайҳи мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 16 феврал дар рӯзи баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, гуруҳе аз ҷавонони тоҷики муқими Аврупо дар шаҳри Бонни Олмон даст ба тазоҳурот задаанд. Ин гуруҳи мухолифи ҳукумат аз Иттиҳоди Аврупо талаб намуданд, амали ҳукумати Тоҷикистонро дар самти нақзи ҳуқуқу озодиҳо ва саркӯб намудани дигарандешон маҳкум кунад.