Боздошти «маняк»-е, ки дар метро тоҷикро маҷруҳ карду қирғизро кушт
Мақомоти пулиси Маскав баъди 4 рӯзи кофтукоб муттаҳам дар ҳамлаи мусаллаҳона ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар метрои Маскавро боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои LifeNews боздоштшуда Евгений Соколов, шаҳрванди 23-солаи Русия мебошад, ки дар ҳамла бо корд ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷику қирғиз айбдор мешавад. Мансур Муродов, шаҳрванди Тоҷикистон, нахустин ҷабрдида, ки шаби 13 феврал дар истгоҳи Добринински Маскав ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст, ҳодисаро чунин шарҳ додаст: “Тақрибан соати 23:00 ҳангоми баромадан аз вагон аз пушт дарди сабукеро ҳис кардам ва чун назди зинапояҳо расидам, хун ҷорӣ шуд. Ҳамлакунандаро дидам, ки бо зинапояҳо сӯи боло мегурехт”.
Ба иттилои расонаҳои Русия баъди ду соат, ин қазия дар истгоҳи “Перово” такрор шуд: “Ҷинояткор бо корд якбора ба ду шаҳрванди Қирғизистон ҳамла кардааст, ки дар натиҷа яке ба ҳалокат расида, дигаре дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шудааст”.
Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, феълан аз додгоҳ дархост кардаанд, ки замони тафтишот муттаҳам ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад.