Нахустин қадами ровии телевизион ба саҳнаи овозхонӣ (ВИДЕО)
Мубориз Усмонов, ровии ҷавони шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ба саҳнаи овозхонӣ қадам гузошта, нахустин суруд ва клипи худро зери унвони “Ту нестӣ” нашр кардааст.
Суруди нави Усмонов, муҷрии барномаи “Имшаб”-и шабакаи аввал, 16 феврал дар интернет пахш шуда, миёни корбарон вокунишҳои зиддунақизро ба вуҷуд овардааст. Бархе аз сифати сабти клип тавсиф кардаанд, аммо ҳунари овозхонии Усмоновро зери танқид қарор додаанд. Қисми дигар аз пешаи нави Усмонов истиқбол карда, дар ин ҷода ба ӯ муваффақият таманно кардаанд.Суруди “Ту нестӣ”-и Усмонов: Видео барои онҳое, ки ба Ютуб дастрасӣ надоранд