Рустами Эмомалӣ узви кумитаи Шӯрои олимпии Осиё шуд
Рустами Эмомалӣ, раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мбориза бо коррупсия ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, узви кумитаи Шӯрои олимпии Осиё интихоб шудааст.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари Рустами Эмомалӣ аз Тоҷикистон ду нафари дигар -- дабири кулли ин кумита Баҳрулло Раҷабалиев ва мудири кулли кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллоев узви кумитаи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардидаанд.
Рустами Эмомалӣ писари калони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки аз соли 2012 ба ин сӯ дар курсии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон нишаастааст. Ӯ дар гузашта раҳбари Хадамоти гумрук буд ва ҳоло раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мебошад.