Даҳҳо млн $-и Пентагон ба Тоҷикистон баъди ҳушдори “ЦРУ” аз афзоиши ҳузури Русия
Вазорати мудофиаи Амрико, барои мубориза бо терроризм барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 50 миллион доллари амрикоӣ равона мекунад, ки қисми асосии он ба Тоҷикистон рост меояд.
Дар асноди молиявӣ, ки Қасри Сафеди Амрико, ҳафтаи гузашта нашр кард, гуфта шудааст, ки қисми асосии ин маблағҳо барои мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Вазорати мудофиаи Амрико таъкид намудааст, ки ин маблағҳо дар доираи барномаи байналмилалии Пентагон оид ба омодасозии низомиҳо барои мубориза бо терроризм, аз ҷумла бо Толибон ва “Давлати исломӣ” барои кишварҳои Осиёи Маркзаӣ ҷудо мешаванд. Дар санад таъкид шудааст, ки соли равон 20 миллион ва соли оянда 30 миллион доллари амрикоӣ ҷудо хоҳад шуд.
Ин хабар дар ҳолест, ки ахиран масъулини Хадамоти кашшофии Амрико гузорише нашр карданд, ки бар асоси он дар баробари таҳдидҳо аз Афғонистон, ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ инчунин иқтисоди заиф, коҳиши интиқоли маблағ аз Русия, таъсири буҳрон, ноуҳдабароии ҳукуматдорон ва саркӯбиҳои сиёсӣ низ хатар доранд. Дар гузориши масъулини кашшофии Амрико таъкид шудааст, ки ҳукуматдорони Осиёи Марказӣ хатари калонтаринро барои амнияти худ дар Афғонистон мебинанд ва Русия метавонад бо сӯиистифода аз таҳдидҳои Афғонистон ҳузурашро дар ҳалли масоили амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш диҳад.