Полковник Мирализода намояндаи ВКД дар ЦАРИКС таъин гардид
Полковники милиса Мирализода Рустам Азиз ба вазифаи намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ (ЦАРИКС) таъин гардидааст.
Бино ба иттилои ВУД, таъини оқои Мирализода 16 феврал сурат гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин раҳбарони чанд раёсат таъин шуданд. “Аз ҷумла, генерал-майори милитсия Рустамзода Мустафо Кенҷа сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир ва полковники милитсия Ҳукуматулло Зикрулло сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд”.
ВУД мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъингардида, “онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиву забондонӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавонро дар мадди аввал гузошт”.