ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ дар Вазорати мудофиа, КДАМ, Қӯшунҳои сарҳадӣ (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва раиси Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 16 феврал як қатор тағйиротҳои кадриро амалӣ намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Фарҳод Камолович-муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Файзуллоев Изатулло Ҳабибуллоевич-муовини аввали сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Шомуддин Ҳасанович-сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон ва Худойбердиев Муродалӣ Раҷабалиевич-сардори раёсати тайёрии ҷангии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Зимни ин тағйирот инчунин намояндаҳои вазорати мудофиа ва вазорати корҳои дохилӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва масъулини низомӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон таъин гардидаанд.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиву забондонӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавонро дар мадди аввал гузошт.