Рэпи мусалмон ва яҳудӣ алайҳи яҳудситезӣ ва нажодпарастӣ (ВИДЕО)
Коко ТКТ, хонандаи маъруфи таронаҳои рэпи Фаронса ва Мишел Серфати, як ходими диннии ҷамъиятии яҳудиёни Париж алайҳи яҳудситезӣ ва нажодпарастӣ дар ҷомеа таронаи муштарак иҷро кардаанд.
Бино ба иттилои Оҷонси хабарҳои яҳудӣ, ин тарона дар 10-умин солгарди куштори Илан Халинми, як ҷавони яҳудӣ дар шаҳри Париж суруда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, мусалмони 30-сола ва яҳудии 72-сола шомили Ҷамъияти дӯстии мусалмонҳову яҳудиёнанд ва барои муколамаи миёни намояндаҳои ин ду гуруҳ талош мекунанд.
Коко ТКТ гуфтааст, ин тарона ба мубориза алайҳи нажодпарастӣ даъват мекунад: “Рэп василаест, ки тавассути он мешавад ба қалби ҷавонони фаронсавӣ роҳ ёфт”.
Серфати ҳам таъкид кардааст, ки бештари фурсат рэпро барои таблиғи ғояҳои бад истифода мебаранд, аммо дар мисоли онҳо барои кори хайр равона шудааст.