Нигаронии шаҳрдор аз боло рафтани нархи чойи хушк ва дастур барои аз байн бурдани санҷишҳои беасос
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ аз поймол шудани ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо изҳори нигаронӣ кардааст.
Бино ба иттилои сухангӯи шаҳрдори Душанбе, дар ин ҷаласа, ки рӯзи 15 феврал дар “Маркази равобити пойтахт” баргузор шуд, Убайдуллоев таъкид намудааст, бо сабаби камфаъолиятию беназоратии сохторҳои давлатӣ, ба хусус Раёсати андози шаҳр ва Шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо сӯистифода аз заминаҳои фароҳамовардашуда, ҳолатҳое ошкор шудаанд, ки аз ҷониби бархе аз субъектҳои молинтиқолдиҳанда нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла чойи хушк, бе ягон заминҳои иқтисодӣ ба маротиб боло рафта, “боиси поймол шудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон гардидааст”.
Раиси шаҳр барои ислоҳи вазъ дастур додааст, “ҷиҳати раҳнамоӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, дар бозорҳои коммуналии шаҳр нисбати молҳои ниёзи аввалияи ба фурӯшгузошташаванда насби лавҳаҳои дорои маълумоти кишвари истеҳсолкунанда, сертификати мутобиқат, санҷиши лабораторӣ ва масрафоти воридотӣ, ҷорӣ карда шаванд”.
Манбаъ меафзояд, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи роҳбарони кулли сохторҳои шаҳрию ноҳиявиро ба баланд бардоштани интизоми меҳнатӣ, аз байн бурдани тамоми санҷишҳои бе асос ва дар вақти корӣ зарфияту фаъолиятро баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки дар маҷмӯъ ба амалисозии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр нигаронида шудаанд, дар доираи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуд.