Норозигии Исҳоқ Табаров аз 13,5 соли ҳабси писараш
Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат Фирӯз Табаров, писари 27-солаи Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидро барои "зархаридӣ" ва "даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон", ба 13,5 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора наздикони Исҳоқ Табаров ба "Озодагон" хабар дода, афзуданд, баъди дарёфти қарори додгоҳ ба марҳилаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.
Фирӯз Табаров тобистони соли гузашта ба иттиҳоми омода кардани санадҳо барои як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки қасди сафари Сурия доштааст, боздошт гардид. Парванда алайҳи Табаров бар асоси ду моддаи ҷиноӣ -- 401 (зархаридӣ) ва 307 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон) боз шуда буд.
Исҳоқ Табаров яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик мебошад. Қаблан ду вакили ҳамкори Табаров -- Фахридин Зокиров ва Шуҳрат Қудратов ба иттиҳомҳои гуногун равонаи зиндон шуда буданд.