Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронс оид ба Афғонистон "Ҳамкорӣ ва амният дар қалби Осиё" дар ш.
Истамбули Туркия қарор дорад, бо соҳибкорони бонуфузи Туркия - аъзои Конфедератсияи соҳибкорону саноатчиёни “TUSKON” мулоқот доир намуд. Дар рафти мулоқот ҷаноби Зарифӣ оид ба ҳолати иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, ҷиҳати ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати сабук, кишоварзӣ ва бунёд кардани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот, алюминӣ, сангҳои мармару хоро, нафту газ, иштирок дар пружаҳои манзилӣ, иншоотҳои фароғатӣ (меҳмонхона, истироҳатгоҳ, майдонҳои варзишӣ ва ғайра), сохтани корхонаҳои истеҳсоли семент ва масолеҳи сохтмонӣ, лоиҳаи муҳими минтақавӣ CASA-1000 ва санадҳои қонунгузории ҶТ дар бахши фаъолияти сармоягузорӣ ҳозиринро шинос намуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, соҳибкорон ва сармоягузорон ба санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии Тоқикистон, ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун, иштирок дар озмунҳои кушодаи байналмилалӣ, масъалаҳои андоз ва гумрук барои воридоти молҳои саноатӣ, тартиби иҷора ё фурӯши замин, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, иншоотҳои фароғатӣ ва ғайраҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Дар вохӯрӣ соҳибкорон ва сармоягузорони турк ба Ҳамрохон Зарифӣ хабар доданд, ки дар охири моҳи ноябри соли 2011 ҷиҳати шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.{jathumbnail off}