Баъди радди Душанбе: Бахши тоҷикии “Россия сегодня” фаъол шуд
Бахши тоҷикии “Россия сегодня” маққараш дар Маскав, имрӯз, 15 феврал дар суроғаи интернетии “sputnik-tj.com”фаъол шуд.
Дар бахши тоҷикии сомонаи чандрасонаии “Sputnik” хабарҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пахш мешаванд.
Ифтитоҳи бахши тоҷикӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои оғози фаъолияти намояндагии “Россия сегодня” дар Душанбе иҷозат надода буд. Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, 4 феврал дар шарҳи сабти ном нашудани хабаргузории “Россия сегодня” дар Тоҷикистон, изҳор дошт, масъулини хабаргузорӣ ба бархе суолҳо посух надоданд.
Ҷаноби Аслов гуфт, ба вазорат барои сабти номи хабаргузории “Россия сегодня” дархост ворид шуд: “Мо баъзе суолҳоро пешниҳод кардем. Мутаассифона ба бархе суолҳо то ҳол посух надодаанд”.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дақиқ нагуфт, ки ба кадом суолу шубҳаҳояш посух нагирифтааст, аммо таъкид намуд, дар мавриди сабти номи ин хабаргузорӣ ҳамкориҳо идома доранд: "Шояд рӯзҳо ё моҳҳои наздик ҳалли ин масъала маълум мешавад".
Охири соли гузашта масъулини “Россия сегодня” эълон карданд, ки аз азмашон барои ифтитоҳи намояндагӣ дар Душанбе даст кашида, бисёри хабарнигоронро аз аввали соли нав ҷавоб доданд.