Дар ғами ташнагии шаҳрвандон. Дар Хуҷанд 20 чумаки обнӯшӣ насб мешавад
Дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд, 20 чумаки обнӯшӣ, ки замони Шӯравӣ дар кӯчаҳо насб шуда, бо мурури вақт барканда шуданд, дубора барқарор хоҳанд шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд дар суҳбат бо бо фаъолони ҷомеаи маркази маъмурии вилояти Суғд дастур додааст, ин чумакҳо то тобистон насб карда шаванд. Ӯ дар хитоб ба масъулини “Хуҷандобуканал” гуфтааст: “Аз моҳи май 20 адад чумакҳои обнӯширо дар кӯчаҳои шаҳр мегузоред, то мардум дар мавсими гармо барои шикастани ташнагӣ аз он истифода намоянд”.
Ин чумакҳо мавсимӣ фаъол хоҳанд буд ва ба гуфтаи оқои Аҳмадзода, “вақте мавсими сармо мерасад, дубора маҳкам карда мешаванд”.