Бархӯрди қатор бо “Опел” як кушта барҷой гузошт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар роҳи оҳани Душанбе-Турсунзода дар натиҷаи бархӯрди қатори боркаш ба сабукрави “Опел-Астра” як нафар ҷони худро аз даст додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодиса 14 феврал дар хатти истгоҳи Роҳи оҳани Душанбе-Турсунзода, дар гузаргоҳи автомобилии километри 4654-ум рух додааст. Манбаъ мегӯяд, қатори боркаш, ки онро ронандаи 59-сола ва ёрдамчии ӯ - марди 25-сола, сокинони шаҳри Душанбе идора мекардаанд ба автомашинаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 61-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст: “Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва мусофири он марди 59-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд. Марди 59-сола пас аз чанд муддат, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.