Эълони сабаби марги сафири 42-солаи Ҳинд дар Душанбе
Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон сабаби марги Бираҷа Прасад, сафири навтаъинашро дар Тоҷикистон сактаи қалб гуфтааст.
Дар ин бора расонаҳои Ҳиндустон хабар доданд. Бираҷа Прасад субҳи 13 феврал дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Бираҷа Прасад, ки 42 сол дошт, моҳи ноябри соли 2015 ба ҷойи Аситх Кумар Бхаттачарҷӣ сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ қаблан дар сафоратҳои Ҳиндустон дар Русия, Қазоқистон ва Испания фаъолият доштааст.