Шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия ҳабси абад таҳдид мекунад
Раёсати тафтишотии Воронеж парвандаи марбут ба як шаҳрванди Тоҷикистонро ба додгоҳ фиристодааст. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин ҷавонро ҳабси абад таҳдид мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷавони 20-сола 16 марти соли 2015 аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд. Мақомот гуфтаанд, аз ӯ беш аз 2,5 кг ҳероин ёфт ва мусодира гардидааст. Нисбати шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи 228.1-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз шудааст. Дар сурати исботи гуноҳаш имкон дорад, ӯро барои як умр пушти панҷара бикашанд.