Федератсияи футбол: Ҳукумати Суғду шаҳрдори Хуҷанд ба куҷо менигаранд?
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, баргузор кардани “маршировка”-ҳо дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и Хуҷанд сабаби корношоям шудани фарши он мегардад.
Дафтари матбуоти ин ниҳод гуфтааст, ин маҷмааи варзишӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ бунёд шуда, се моҳ қабл фарши он нав карда шуд. Ба таъкиди манбаъ, тими миллии Тоҷикистон оид ба футзал маҳз дар ҳамин маҷмаа омодагӣ дид ва ба сабқати Осиё-2016 роҳхат гирифт: “Аммо ҳоло онҷо барои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз “маршировка” гузашта истодааст. То Наврӯз якуним моҳи дигар боқӣ мондааст. Садҳо нафар вориди маҷмаа шуда, бо попушиҳои ғайриварзишӣ мепаранду меҷаҳанд, ки дар охир сабаби корношоям шудани фаршҳо мегардад”.
Федератсияи футбол суол гузошта, ки “Ҳукумати Суғд, шаҳрдори Хуҷанд ба куҷо менигаранд? Наход дар як шаҳри калон ҷойе барои гузаронидани "маршировка" пайдо нашавад?”
Зимнан, Фирдавс Ҳоҷиев, як корбари интернет ҳам дар саҳифаи Фейсбукаш аз ҳамаи онҳое, ки иштирокчии “маршировка”-анд хоҳиш кардааст, бо пойафзоли варзишӣ вориди ин маҷмаа шаванд: “Барои омодагӣ ба рақс бахшида ба таҷлили Наврӯз бо пойафзоли пошнабаланд (каблук) наравед. Дар як рӯз алакай паркети майдони варзиширо вайрон кардед. Ин ягона варзишгоҳи болопӯшидаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонист”.
Акс аз Фейсбук