Боздошти сокини 25-солаи Душанбе бо гумони интиқоли миллион доллар
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ як сокини шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҷавони 25-сола 12 феврал дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудааст: “Муйаян гардид, ки гумонбаршуда, дар нуқтаи хизматрасониаш, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба соҳибкорӣ машғул шудааст. Ӯ бе иҷозатнома нуқтаи интиқоли маблағҳои пулиро ташкил намуда, ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ва ба фаъолияти бонкӣ ба миқдори махсусан калон машғул шуда, аз санаи 12 декабри соли 2015 то 21 январи соли 2016, зиёда аз 800000 доллари амрикоиро аз шаҳрвандон гирифта ба шаҳри Дубайи АМА интиқол дода, ҳамзамон аз Дубай ба шаҳри Душанбе 200000 доллари амрикоӣ интиқол додааст”.
ВУД мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.