Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори «Серенаи Душанбе» ширкат карданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, ҳотели 9-ошёна дар хиёбони Рўдакӣ қомат афрохт. Зимни шиносоӣ бо шароити меҳмонхонаи «Серенаи Душанбе», ки бо харҷи беш аз 266 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо меъёрҳои навтарини ҷаҳонӣ дар масоҳати умумии қариб 12 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, дорои 85 утоқи истиқоматӣ, аз ҷумла утоқҳои бузурги барҳаво барои қабули роҳбарони давлатҳо ва меҳмонони дигари воломақом мебошад. Ғайр аз ин меҳмонхона дорои толорҳои зиёд барои маҷлис, конфронсу семинар ва мулоқотҳои гуногун, маҷмааи варзишию солимгардонӣ, 2 тарабхона, қаҳвахона, чойхона ва дигар шароити истиқомат ва истироҳату фароғат мебошад. Тарабхонаи калон бо 200 ҷойи нишаст ва ҳаммому бисёр утоқҳои варзишию солимгардонӣ дар ошёнаҳои 8, 9 ва ҳавзи калони шиноварӣ дар боми бино ҷойгир шудааст.
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар толори маҷлисии меҳмонхона, ки бо нақшу нигори зебои тоҷикӣ оро ёфтааст, ба Карим Оғохони 4 ва масъулони Созмони Оғохон оид ба рушд барои бунёди чунин меҳмонхонаи зебою муосир ва тадбирҳои зиёди дигар, аз ҷумла муҳайёсозии шароити хуб барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон арзи сипос кард. Гуфтанист, баъди ба кор даромадани меҳмонхона 200 нафар соҳиби кори доимӣ мешаванд, ки беш аз 90% - и онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.{jathumbnail off}