Сайф САФАР
Магар бо афрошта шудани парчами Қирғизистон дар сардари хонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон масъалаи эҳтироми истиқлол ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мавриди баҳс қарор намегирад?
Барафрошта шудани парчами ҳар кишвар, гуруҳ ва ҳатто як ҷунбиши хеле кучак дар қаламрави дигар ҳокӣ аз пирӯзии он аст. Ба ин тартиб, партавфишон шудани парчами сурхи Шӯравии пешин болои боми Рейхстаг, парлумони Олмони нозӣ нишонаи ғалабаи комили аввалӣ бар дуввумӣ буд. Суҳбатро агар имрӯзитар кунем парчами сиёҳусафеди гуруҳи “Давлати исломӣ” пеши чашм меояд, ки бо пайдо кардани тасаллут бар ҳар минтақа дар пасманзари он аз нуфуз ва даъват ба худ навор мегиранд. Бо ишора ба ин ду мисол баланд шудани ҳаргуна парчам ҳатман пайёме бо худ ба ҳамроҳ дорад. Зоҳиран, дар Тоҷикистон ҳам зарурияти парчамро дарк карданд, вагарна ба баланд кардани парчами 165 метрӣ иқдом намекарданд, ҳарчанд қишре аз ҷомеа бо сохтани он мухолиф буд. Афзун бар ин санаи 24 ноябр ҳам Рӯзи парчам эълом шудааст, ки боз ҳам таъкид бар лузуми муқаддас доштани парчам аст.
Аммо, баҳси ин сутур чизи дигар, ки мустақиман ба парчам рабт дорад. Теъдоде аз сарбозони Қирғизистони ҳамсоякишвар вориди хоки Тоҷикистон шуда, парчами худро бар сардари чанд хона барафроштанд ва дар пайи ин хабарнигори тоҷикро ҳам барои 8 соат равонаи боздоштгоҳ карданд. Ҳамон қирғизҳои аз назари тоҷикон бодиянишин ва бе таъриху чандин нуқсҷӯйии дигар.
Баргардем сари асли мавзӯъ ва чанд марбут ба он. Мутаассифона, ҷанги иттилоотӣ ҳамеша дар даргириҳои марзии Тоҷикистон Қирғизистон ба ғолибияти дуввумӣ тамом мешавад, чун фазои боз барои расонаҳо фароҳам аст, хабари бештарро ба забони русӣ дар ихтиёри мухотабони русихон қарор медиҳад. Албатта, аз зовияи манофеи худ. Бар замми ин қудратмандии худро аз Тоҷикистон барои ҳамсоягон ба намоиш мегузорад. Аммо, Тоҷикистон бо пахши як нигаронии сафорати худ дар Бишкек кифоят кард ва аз Қирғизистон хоста аз ин гуна “худсариҳо” ҷилавгирӣ шавад. Ман интизор доштам, ки ҷониби мо сафири Қирғизистон дар Тоҷикистонро ба Вазорати умури хориҷа эҳзор мекунад.
Ҳовард Зин, таърихнигор ва устоди улуми сиёсии донишгоҳи Бостон гуфтааст: “Ҳеч парчаме ба андозаи кофӣ бузург нест, ки шарми кушта шудани мардуми бегуноҳро рӯйпӯш кунад”.
Хушбахтона дар қазияи парчами қирғизӣ касе кушта нашудааст, боло шудани он бар боми тоҷик ва боздошт хабарнигорро набояд рӯйпӯш кард, балки дипломатияро нерӯ бахшиду манофеи миллатро дурустар ҳимоят кард.