(САДО) Раҷаббой Аҳмадзода: Бештари имом-хатибон илми кофии динӣ надоранд
Шаҳрдори Хуҷанд зиёд шудани масҷидҳоро яке аз сабабҳои ба қавли ӯ “гумроҳшавии наврасону ҷавонон” хонд.
Раҷаббой Аҳмадзода аснои суханронӣ дар маҷлиси фаъолони шаҳр гуфт яке аз сабабҳои гумроҳшавии наврасону ҷавонон зиёд шудани масҷидҳои гуногун аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ӯ таъкид намуд, “агар дар як маҳалла ду ва ё зиёда масҷид дар фосилаи аз 50 то 100 метр мавҷуд бошад, ба тавозуни маҳалла гузаронида, онҳоро ба коргоҳҳои дузандагиву чойхона табдил дода ва агар калон бошад, барои 40-50 кӯдак боғча бунёд кунетон, мо кумак менамоем”.
Ба қавли шаҳрдори Хуҷанд бештари имом-хатибон аҳкоми дини мубини Исломро ба дурустӣ намедонанд.
Бино ба омори Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Суғд, феълан дар шаҳри Хуҷанд 40 масҷиди панҷвақта ва 5 масҷиди ҷомеъ фаъолият мебаранд. Ба иттилои манбаъ, соли гузашта дар қаламрави шимоли кишвар фаъолияти 117 масҷиди панҷвақта қатъ шуда, қисме аз онҳо ба мавзеъҳои истироҳативу таърихӣ табдил дода шудаанд.