Боздошти “Баха” баъди исқоти ҳамли хонандаи синфи 8
Мақомоти пулиси шаҳри Санкт Петербург дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки дар алоқаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғ муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои мақомоти пулиси Санкт Петербург рӯзи 28 январ аз беморхонаҳои кӯдаконаи шаҳр ба идораи пулиси ноҳияи Петроград иттилоъ дода шуд, ки духтари 15-сола, хонандаи синфи 8 исқоти ҳамл кард: “Иттилоъ дода шуд, ки ба беморхона духтари ноболиғро шиносаш бо номи “Баха” овардаст”.
Дар пайи чорабиниҳо ҷавони 23-солаи тоҷик боздошт шудааст ва ба итилои Кумитаи тафтишотӣ феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.