Кобул: Писарони Мулло Амриддин аз истирдод ба Тоҷикистон метарсанд
Вазорати мудофиаи Афғонистон мегӯяд, бародарон Ҷамолиддин ва Абдуфатҳ, фарзандони Мулло Амриддин намехоҳанд аз зиндони Багром ба Ватанашон – Тоҷикистон истирдод шаванд.
Давлат Вазирӣ, намояндаи Вазорати мудофиаи Афғонистон дар суҳбат бо “Вашингтон пост”-и Амрико изҳор доштааст, ки ин бародарон то ҳадде аз Ватанашон метарсанд, ки дар зиндони Багром монданро авлотар медонанд.
Тина Фостер, ҳуқуқшиноси шабакаи байналмилалии ҳуқуқи башар, ки ба таҳқиқи қазияи ин бародарон машғул аст, беҳтарин роҳро барои ин бародарон интиқол ба кишвари сеюм донистааст.
Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар дар зиндони Багром, ки “Гуантанамои дуюм” ном гирифтасту ахиран ба ихтиёри мақомоти афғон супорида шуд, аз 67 зиндонии хориҷӣ феълан танҳо се нафар - бародарони тоҷик ва як шаҳрванди Узбакистон боқӣ мондаанд: “Инҳо аз тарси шиканҷа нахостаанд ба Ватанашон истирдод шаванд. Тибқи қавонини байналмилалӣ маҳбус наметавонад ба кишваре истирдод гардад, ки ба ӯ шиканҷаю зӯроварӣ таҳдид мекунад”.
Тина Фостер мегӯяд, бародарон Ҷамолиддин ва Абдуфатҳ, фарзандони Мулло Амриддин, руҳонии як замон маъруфи Тоҷикистон мебошанд: “Онҳо аввали солҳои 2000-ум аз тарси таъқиб ба Афғонистон фирор кардаанд. Соли 2009 ҳангоми як “рейд”-и амрикоиҳо боздошт шуданд ва тайи 4 сол дар бораи боздошти онҳо иттилои расмие набуд”.
Тибқи иттилои мақомоти Амрико ин ду бародар дар узвият ба гуруҳи ифротии Ҳаракати исломии Туркистон иқрор шудаанд, аммо ба гуфтаи вакили дифоъ айби расмӣ ва ҳукме нисбати онҳо содир нашудааст. Ҳомии ҳуқуқ Фостер мегӯяд, додгоҳи Афғонистон моҳи феврали соли гузашта бародаронро барои вуруди бе раводид ба қаламрави Афғонистон ба се соли зиндон маҳкум кард: “Аммо бо назардошти он, ки беш аз 5 солро дар зиндон гузарондаанд, додгоҳ қарор кард, ки бародарон озод карда шаванд”.
Фостер мегӯяд, зерҳимояҳояш ҳамакнун 7 сол дар зиндонанд ва қазияашон норӯшаниҳои зиёд дорад. Ҳуқуқшинос ҳукумати Амрикоро масъули тақдири ин ду бародар хонда, бо зикри шароити бади зиндони Афғонистон таъкид кардааст, ки барояшон шароити хубтаре таъмин гардад. Аммо ҳукумати Амрико посух додаст, ки чанд роҳи ҳалли қазияи ин бародаронро баррасӣ карда, ниҳоят тасмим гирифтааст, ки онҳоро ба ихтиёри мақомоти Афғонистон гузорад.
Ин ду бародар фарзандони Мулло Амриддин муаррифӣ мешаванд, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон бунёдгузори "Ҷамоати Ансоруллоҳ" мебошад ва соли 2015 дар Афғонистон кушта шуд.
.Амриддин Табаров, маъруф бо номи “Мулло Амриддин” соли 1953 дар деҳаи Ғуломони ноҳияи Нуробод таваллуд шуда, солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997-ро дар Афғонистону Покистон сипарӣ кардаст. Соли 1997, баъди имзои созишномаи сулҳи байни давлат ва мухолифин ба Тоҷикистон баргашт, вале баъди чанде бо эълони норизоияташ бо ин қарордоди сулҳ аз ҳизби наҳзати исломӣ канор рафта, дар соли 2000-ум ҳамроҳ бо ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ аз Ҳаракати исломии Узбакистон дубора ба Афғонистон рафт. Гуфта мешавад, баъди оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон пайравони ин созмони тундрав, аз ҷумла Амриддин Табаров ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд.
Мақомоти Тоҷикистон Мулло Амриддинро бунёдгузори гуруҳи террористии Ансоруллоҳ эълон карданд. Номи ин гуруҳ дар Тоҷикистон баъди зуҳури гуруҳи Мулло Абдулло ва таркиш дар назди идораи пулиси Суғд вирди забон гардида, додгоҳи Тоҷикистон гуруҳро соли 2012 ба феҳрасти гуруҳҳои экстремистӣ-террористӣ ворид намуд.