Талаби 10 миллион аз номзади раёсатҷумҳурӣ барои таҳқири мусалмонҳо
Комрон Малик, раҳбари яке аз аҳзоби сиёсии Лондон аз Доналд Трамп, муддаии курсии раисиҷумҳур дар Амрико 10 миллион фунт стерлинг рӯёндан мехоҳад.
Бино ба иттилои торнамои Ислам нуқта ру, ҷаноби Малик қасд дорад ин маблағро ҳамчун товон барои таҳқири мусалмонҳои Бритониёи Кабир талаб кунад. Доналд Трамп дар яке аз суханрониҳояш изҳор дошта буд, Лондон ба ҳадде аз сӯи мусалмонҳо ифротӣ шудааст, ки пулисҳо хавф доранд, кор кунанд. Комрон Малик гуфтааст, чунин суханҳои аҳмақонаву пуч метавонад сабаби аз байн рафтани ҳамоҳангӣ миёни мусалмонҳову ғайримусалмонҳо дар Лондон шавад.
Қаблан, ӯ аз додгоҳ хоста буд, Доналд Трамп аз ҳақи вуруд ба қаламрави Бритониёи Кабир ду сол манъ карда шавад, аммо ба ин муваффақ нашуд.
Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба интихоботи президентии Амрико буда, бо суханҳои зидди мусалмонҳо ном баровардааст. Ӯ моҳи декабри соли сипаришуда зимни яке аз суханрониҳояш гуфта буд, то замоне ки мақомот вазъи феълии ИМА-ро дақиқан баррасӣ карда натавонанд, бояд вуруди мусалмонон ба кишвар ба таври қатъӣ манъ шавад. Ба иддаои вай, мамнӯияти вуруди мусулмонон бояд то замоне боқӣ бимонад, ки намояндагони Амрико маълум кунанд, дар ин кишвар чӣ мегузарад. Раиси ситоди интихоботии Доналд Трамп гуфтааст, ки пешниҳоди ин номзади ҷумҳурихоҳон “шомили ҳама, аз ҷумла террористҳо ва касоне, ки мехоҳанд ба Амрико муҳоҷират кунанд, хоҳад шуд”.