Ҳимояти Э.Раҳмон аз пешниҳоди Гулрухсор: Адибони ҳавзаи Наврӯз ба Душанбе меоянд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳоди шоира Гулрухсор Сафиева барои барпо кардани базми шеъри Наврӯзи байналмиалиро ҷонибдорӣ кардааст ва имсол нахустин ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар Душанбе дар назар аст.
Тибқи иттилои Иттифоқи нависандагон аз 19 то 24-уми марти соли 2016 «Ҳамойиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз » баргузор мегардад, ки ба он бузургтарин шоирони форсизабони ҷаҳон даъват шудаанд.
Ба гуфтаи Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар назар аст, ки маҳфилҳои шеър, мизҳои мудаввар, мулоқот бо мардум ва дарси устодони шеъри тоҷикӣ-форсӣ барпо гарданд. Манбаъ афзуд, дар ин замина маҳфилҳои шеъру суруд бо ширкати шоирони номдори тоҷик аз 19 феврал бо Рустами Ваҳҳоб оғоз гашта, 19-уми март бо раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ба охир мерасанд. Дар ин байн баргузории базми шеъру суруди шоирон Гулназар, Меҳринисо, Раънои Мубориз, Зулфия, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Озар, Озарахш, Раҳмат Назрӣ, Аскар Ҳаким, Ато Мирхоҷа, Бозор Собир, Муъмин Қаноат ба нақша гирифта шудаанд.
Ин ҳамоиш дар ҳолест, ки 19 марти соли 2015 Гулрухсор Сафиева зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён дар Кохи Наврӯз пешниҳод кард, ки ҳар сол дар Тоҷикистон базми шеъри Наврӯзи байналмиалӣ барпо карда шавад.